- берун
- [بيرون]1. хориҷ; муқоб. дарун: беруни шаҳр; берун аз ҳудуди… дар хориҷи. ., дур аз хоки…2. хориҷа, кишвари беруна; беруни дар (дарвоза) пушти дар, паси дар, ақиби дар (дарвоза); дари берун дари баромади ҳавлӣ, дари тарафи кӯча; ҳавлии берун қисми ба кӯча наздики ҳавлӣ, ки он ҷо меҳмонхона, молхона ва хонаҳои дигари фаръӣ воқеанд; аз андоза берун аз ҳад зиёд, хеле; аз одат берун бар хилофи одат, ғайримуқаррарӣ, фавқулода; берун аз ихтиёр ғайри (бидуни) хоҳиш, на аз рӯи ирода; машғулияти берун аз дарс машғулияте, ки ғайри ҷадвали дарсӣ гузаронида мешавад; қабули берун аз озмун (конкурс) қабули донишҷӯ ба мактаб, ки бидуни иштирок дар озмун сурат мегирад; берун баромадан а) хориҷ шудан, баромадан аз ҷое; б) киноя аз ҳоҷатхона рафтан; берун кардан баровардан, дур кардан (мас., ғуссаро аз дил, касеро аз қатори чизе, фикреро аз сар); аз гуфтаи (фармони) касе берун баромадан мувофиқи гапу фармони касе амал накардан; ба касе итоат накардан; аз қонун берун баромадан бар хилофи қонун кор кардан, мувофиқи қонун амал накардан; берун намондан аз коре дар канор намондан аз коре, иштирок кардан дар коре; берун шудан аз гапи (ҳарфи) касе мувофиқи гуфтаи касе амал накардан, аз гапи касе баромадан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.